Обуҳавошиносон: дар пойтахт боридани борон дар назар аст

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -4+1 дараҷа мерасад.

Обуҳаво барои имрӯз: барфу борон намеборад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, инчунин то 24  ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  30-35 ва рӯзона 11-16  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар  назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 6-11  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона -2+3 ва рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.