Наҷоти ҷавонзани 27-сола, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз наҷоти ҷавонзани 27-солае хабар дод, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳодиса шоми 28 январ рух додааст.

Ба Шӯҳрат аз марги зану фарзандаш хабар доданд, ӯ аз ҳуш рафт

“Сокини 27-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз пули куҳна худро ба дарёи Сир андохт. Ин хонум дар як мудати кутоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд, чун маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод афзуд, ки наҷотдиҳандагон занро аз марг наҷот дода, замони берун баровардан аз об ӯ дар ҳоли изтиробу ҳарос қарор доштааст.

Ба иттилои КҲФ феълан ҷавонзан дар бемористон бистарӣ буда, мақомоти дахлдор ба таҳқиқи қасди худкушии ӯ машғул мебошанд.