Амрико ба КДАМ таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллар тақдим кард

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар барои беҳтар намудани назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ тақдим намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-полковник Саймумин Ятимов, дар маросими супоридани таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллар ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон як афсари тоҷикро куштанд

Бино бар иттилои манбаъ, таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори Қушунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад кард.

“Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва шароити мураккабдошта мувофиқ мебошад”, - гуфт манбаъ.

Сафорат таъкид намудааст, ки Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ талош мекунад.

“Ин талошҳо саҳми бевосита ба амалӣ намудани Стратегияи амнияти миллии Амрико мебошанд, ки дар он нақши муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза бар зидди терроризм қайд гардидаанд”,- қайд намудааст манбаъ.

Ҳамчунин сафорат ёдрас шудааст, ки Амрико дар тули қариб 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва беш аз 1.8 миллиард долларро ҳамчун кӯмак барои рушд, тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон равона карда аст.