Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштичро муаррифӣ кард

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич иҷрокунандаи навтаъини вазифаи раиси ноҳияро муаррифӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо фармони раисиҷумҳур Ҷӯразода Рустами Боймурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштич озод карда шуда, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин гардид.

Собиқ омӯзгори забони англисӣ раиси ноҳияи Айнӣ шуд

Манбаъ афзуд, ки Зиёзода Сулаймон Ризоӣ 1 январи соли 1962 дар ноҳияи Деваштич таваллуд шуда, соли 1983 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ фаъолияти меҳнатии худро соли 1983 ба ҳайси агрономи калони хоҷагии давлатии “Ленинобод”-и ноҳияи Зафаробод оғоз карда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод, раиси кооперативи истеҳсолии “Ширин”, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод кор кардааст. Дафтари матбуоти раиси Суғд афзуд, ки Зиёзода сипас дар мақоми муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод, муовини раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Зафаробод, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.