Зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия қарор доранд

Дар Русия зиёда аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо гуноҳҳои гуногун зиндонӣ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Айни ҳол зиёда аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия қарор доранд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Коҳиши шумораи зиндониёни хориҷӣ дар Русия

Ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ҳоло наздик ба 1 миллион шаҳрвандони кишвар дар Русия ба сар мебаранд.

Аз соли 2013 инҷониб дар расонаҳои хабарӣ дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ифротгароию амалҳои террористӣ иттилооти зиёд пайдо мешаванд. Як қисмати гумонбарон ба Тоҷикистон интиқол шуда қисмати дигарашон дар Русия паси панҷара мешаванд.

Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия 30 шаҳрванди Тоҷикистон ҷустуҷӯ шуда истодаанд, ки бисёри онҳо бо даст доштан ба гуруҳҳои террористӣ айбдор мешаванд.