Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамтоёни булғорияшон пирӯз шуданд

Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамтоёни булғорияшон бар ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тими миллии то синни 17-солаии Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми рушд-2019”, ки дар шаҳри Мински Белорус идома дорад, Булғористонро шикаст доданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.  

Рақами 1: ду туҳфаи футболбозони навраси тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вақти аслии бозӣ бо натиҷаи 1 бар 1 анҷом ёфт. Қисми пеналтии ин бозӣ бо пирӯзии 4 бар 3-и футболбозони тоҷик хотима шуд.

Акнун шогирдони Зайниддин Раҳимов барои дарёфти паллаи панҷум бо Исландия рӯбарӯ мешаванд. Ин бозӣ имрӯз, 28 январ дар соати 12.00 оғоз мешавад.

Белорус ва Исроил дар бозии ниҳоӣ ва Гурҷистону Словакия барои дарёфти паллаи савум бо ҳам во мехӯранд.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2019 ба шумор меравад. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-27 октябр дар Перу баргузор мегардад