Размикори амрикоӣ Фёдор Емеляненкоро дар ним дақиқа “нокуат” кард - видео

Райан Бейдар, варзишкори амрикоӣ Фёдор Емеляненко, размикори русиягиро дар дақиқаи аввали даври якум “нокаут” кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бейдар дар сабқати ниҳоии мусобиқаи Bellator дар Лос–Анҷелес  Емеляненкоро мағлуб кард.

Феълан вазъи саломатии Емеляненко хуб аст, иттилоъ додааст ба РИА Новости, намояндаи тими варзишкор баъди мағлубият.

“Вазъи саломатияш хуб аст, танҳо аз қисмати чашмаш захмӣ шуд”, - гуфтааст мусоҳибаи РИА Новости.

Барои Емеляненкои 42-сола ин шашумин шикаст дар майдони касбӣ мебошад. Ӯ дар маҷмуъ 38 пирӯзӣ дорад.