Коҳиши содироти мева, намак ва алюминий аз Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ба Ҳукумат аз коҳиши содироти бархе маҳсулот ба хориҷи кишвар гузориш додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, соли 2018 содироти маҳсулоти растанӣ 22 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 25 фоиз, консерваи меваю сабзавот 50 фоиз ва намак 60 фоиз коҳиш ёфтааст.

Тавлиди “рекордӣ”-и ангишт дар Тоҷикистон

Инчунин гузориш дода шудааст, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми содироти алюминий аз рӯи арзиш 25 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 фоиз кам гардидааст.

Коҳиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, маҳсулоти кишвар тариқи қочоқ ба Қирғизистон интиқол меёбанд ва аллакай ҳамчун моли ин кишвар ба Русия содир мегарданд.

Ин раванд боис шудааст, ки солҳои охир омори содироти хушкмева ба Русия аз Тоҷикистон каму аз Қирғизистон зиёд гардидааст.

Соли 2019 корхонаҳои нави тавлиди тилло ва ҷавоҳирот фаъол мешаванд

Буҷаи Тоҷикистон аз он ки маҳсулот аз номи кишварҳои дигар ҳуҷҷатгузорию содир мешаванд, даромади ҳангуфтро ба ҳайси пардохтҳои давлатӣ аз даст медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ аз вуҷуди расмиёти барзиёд дар роҳи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия суҳбат карда, аз таъхири ташкили “долонҳои сабз” интиқод намуд. Ӯ гуфт, сарфи назар аз дастуроти сатҳи олӣ ташкили долонҳо барои интиқоли бемонеаи маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия ҳанӯз ҳам амалӣ нашудааст.