ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе алайҳи як мард барои азхуд кардани мошини гаронбаҳои нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино бар иттилои ВУД, ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи вай, ки моҳи декабри соли 2018 марди 37-солаи сокини кӯчаи Шамсӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 950.000-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтаааст. Сипас автомашинаро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.