Пешниҳоди либоси нави милиса ба Раҳмон ва тағйири ном ба политсия

Намунаи либоси нави кормандони милиса дар аввали баҳори соли ҷорӣ барои тасдиқ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тарҳи либоси нави милисаи тоҷик барои тасдиқ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда мешавад, иттилоъ додааст ожонсии Regnum.

Раисҷумҳур барои дастгирии соҳибкорӣ 300 рӯзи ислоҳот эълон кард

Намунаи либосҳои нави милисаи тоҷик моҳи марти соли ҷорӣ барои тасдиқ ба раисҷумҳури кишвар пешкаш мегарданд.

Ҳамоҳангсози миллӣ доир ба масоили ислоҳот дар милитсия Фарҳодбек Шодмонзод муайян кардааст, ки дар навбати аввал бо либосҳои нав кормандони хадамоти посбониву назорат, БДА ва нозирони минтақавии шаҳри Душанбе таъмин мешаванд.

Инчунин қайд шудааст, ки дар либосҳо ба ҷои калимаи “милитсия” - “политсия”навишта мешавад.

Озмуни тарҳи либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони милиса дар моҳи сентябри соли гузашта эълон шуда буд. Иштириккунандагони озмуни мазкур бояд тарҳи нави либоси зимистона, болопӯшҳои баҳорию тирамоҳӣ, кителҳо, шим, доман, сарпӯш ва пойафзол кормандони милисаро пешниҳод мекарданд.