ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм меш
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.