Дуздӣ дар масҷид: марди 56-сола аз ҷайби намозхон 80 ҳазор рубли русиро дуздид

Кормандони милитсия шаҳри Исфара нафареро боздошт карданд, ки дар дохили масҷид аз дохили ҳуҷраи либосивазкунӣ, аз ҷейби курткаи шахси бегона 80 ҳазор рубли русиро дуздидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кормандони милитсияи шаҳри Исфара марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи ноҳияи Исфара бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Вобастагӣ аз марказҳои букмекерӣ се ҷавонро ба роҳи дуздӣ бурдааст

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят намудааст, ки рӯзи 21-уми январи соли равон, тахминан соати 12:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз масҷиди “Имом-Бухорӣ”-и ҳамин шаҳр аз дохили ҳуҷраи либосивазкунӣ, аз ҷайби курткааш 80 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи ноҳияи Исфараро дастгир карданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дорад.