ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Волкер Фридрих, роҳбари ширкати олмонии “GBP International” мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Дар оғози мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, расиси вилояти Суғди зимни мулоқот таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба рушди тамоми соҳаҳо, ба хусус соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса равона шудааст.
“Дар вилояти Суғд ба масъалаи таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ эътибори махсус дода мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят сол ба сол зиёд гардида, дар соли 2018 ба 11,3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки суръати афзоиш 110,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷа дар соли сипаришуда дар вилоят 93 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ҳамин ҳол, Волкер Фридрих, роҳбари ширкати олмонии “GBP International ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии вилояти Суғд баён кард.
Вай қайд намудааст, ки ҳамкориҳо дар оянда тақвият меёбанд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ тарафҳо аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истфода мекунанд.
Инчунин, тарафҳо сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди пахта, меваҳои шаҳдбор ва бунёди меҳмонхонаву инфрасохтори сайёҳӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ карданд.