Дар шаҳри Маскав сохтмончӣ аз баландӣ ба замин афтид

Баҳри наҷоти коргари афтода шуда дар сохтмони Маскави Нав чархболи санитарии Макркази ҳавоии Маскав омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв - Sputnik. Дар Маскави Нав як коргари сохтмон аз баландии хело зиёд ба поён афтидааст, хабар додааст хабаргузории РИА Новости.

Ҳодиса дар ҳудуди шаҳраки Коммунарка ба вуқуъ пайвастааст.

Раиси Кумитаи сохтмон: устувории бино аз дониши меъмор вобаста аст

Ба маълумоти пешакӣ мардикор ба “котлован”-и сохтмон афтидааст.

Ба наҷоти ӯ чархболи санитарӣ омадааст.

“Чархболи санитарии Маркази ҳавоии Маскав ба кӯчаи Александра Монаховаи шаҳраки  Коммунаровка ба наҷоти ҷабрдида омадааст”, - тасдиқ кардааст дафтари матбуотии Департамент оид ба корҳои ҳифзи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқулода ва сухторнишонии шаҳри Маскав.

Қайд шудааст, ки ҳангоми афтидан аз баландӣ, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҷабрдида ба яке аз беморхонаҳои Маскав интиқол дода мешавад.