БОР барои бозсозии роҳи Обигарм-Нуробод як миллион доллар медиҳад

Бонки Осиёии Рушди (БОР) барои бозсозии роҳи Обигарм-Нуробод ба Тоҷикистон як миллион доллар грант ҷудо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд барои асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Обигарм-Нуробод як миллион доллар  грант ҷудо кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“БОР барои асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Обигарм-Нуробод ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми як миллион доллар маблағи грантӣ ҷудо кардааст”, - эълон намуд намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава.

БОР ба далели хавфи баланди қарзҳо ба Тоҷикистон танҳо маблағҳои грантӣ медиҳад

Сривастава таъкид намудааст, ки роҳи мазкур як қисми роҳи байналмилалӣ дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ  ба ҳисоб меравад, ки ба 17 деҳа дастраси ба имкониятҳои иқтисодӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ таъмин хоҳад кард.

Арзиши лоиҳаи мазкур наздик ба 350 миллион долларро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳаи мазкур бозсозии 75 километр роҳ чандин пул ва нақб дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки пештар созмонҳои молиявии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замони ба тавофуқ  расидани ҳукумати Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул, кумак барои дастгирии буҷаи ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад.

Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замоне, ки ҳукумати кишвар вазъро тағйир надиҳад кумакҳо ба буҷаи Тоҷикистон, қатъ карда мешаванд.