Сензураи фарҳангӣ: дар Тоҷикистон қисматҳои “бӯсу канор”-ро аз филмҳо қайчӣ мекунанд

Аз имрӯз эътиборан киностудияи “Тоҷикфилм” ҳуқуқ дорад барои ба намоиш гузоштани филмҳое, ки дар дохилашон ҳолатҳои фаҳш ва бӯсу канор ҷой дорад, иҷозат надиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии давлатӣ пеш аз ба намоиш гузоштани филмҳо аввал худ бо диққат онҳоро тамошо карда, қисматҳои бусу канор ва фаҳшро қайчӣ карда, баъдан ба намоиш мегузоранд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Роҳбарияти телевизион ин гуна ҳолатҳоро дар филмҳо бадахлоқӣ ва ба эътибор нагирифтани арзишҳои миллӣ меҳисобад”, - гуфта мешавад дар матни иттилоия.

Ноиби роҳбари Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобозода қайд кардааст, ки манъи намоиши наворҳои дорои ҳолатҳои дур аз ахлоқи тоҷикӣ дар шабакаҳои ватанӣ ин манъи таблиғоти фарҳанги бегона ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ мебошад.

Аллакай як сол қабл киностудияи “Тоҷикфилм” пешниҳод карда буд, ки қисматҳои бӯсу кановр ва фаҳш аз филмҳои чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ ҳангоми намоиш аз тарафи телевизионҳои давлатӣ, қайчӣ карда шаванд.

Мувофиқи иттилоия пешниҳоди “Тоҷикфилм” аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ пайдо кардааст. Мувофиқи ин низомнома “Тоҷикфилм” ҳақ дорад филмҳои дорои чунин ҳолатҳоро барои ба намоиш гузоштан дар телевизионҳои давлатӣ иҷозат надиҳад.  

Дар ин ҳол режиссёри тоҷик Искандар Усмон ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятҳоро зарур намедонад. Ба ақидаи ӯ “қайчӣ” кардани баъзе ҳолатҳо аз дохили филмҳо ин берун аз риояи ҳуқуқи муаллиф аст. Ғайр аз ин ҳоло дар интернет ҳама гуна филмҳоро пайдо кардан мумкин аст, ки ҳар касе хоҳад метавонад тамошо кунад.