Хайрухуши Шуҳрат Улфатов бо шуъбаи эҳё: ӯ гуфт, омодаи ҷавоб аз беморхона аст - навор

Шуҳрат Улфатов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи таркиши хона дар шаҳри Магнитогорск маҷруҳ гардид, аз шуъбаи эҳёгарӣ мураххас шудаааст
Sputnik

Тибқи иттилои дафтари матбуоти беморхонаи вилоятии Челябинск Улфатов минбаъд дар шуъбаи шикастабандӣ ва ортепедия бо табобат фаро гирифта хоҳад шуд.

“Ҳамшираҳои шуъбаи эҳёгариии беморхона ба Улфатов зимни хайрухӯш халату пойпӯш туҳфа кардаанд, то худро дар ҳуҷраи нав роҳат эҳсос кунад. Шуҳрат изҳор дошт, ки худро хуб эҳсос мекунад ва барои ҷавоб шудан аз беморхона омодагӣ мебинад”, - омадааст дар иттилоияи беморхона, ки расонаҳои маҳаллӣ нашр кардаанд.

Муҳоҷири дар ҳодисаи Магнитогорск одамонро наҷотдода: қарзи мусалмониамро адо кардам

Табибон изҳор доштаанд, ки феълан Шуҳрат Улфатов бо наздиконаш дар иртибот буда, танҳо лӯлаи трахеостома дар ҳалқаш ҳанӯз барои суҳбат халал мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран навори суҳбати Шуҳрат Улфатов аз беморхона нашр гардид. Дар он Улфатов шукри Худо мегӯяд, ки соз шуду имрӯз пагоҳ ба по мехезад.

“Табиб гуфт, як ҳафтаи дигар мондааст, иншоаллоҳ медавӣ. Пой камтар ғам медод, шукри Худо баъди ҷарроҳӣ соз шуд. Дар ғами Раҷабмо ва кӯдакҳо будам. Шабурӯз дар ғами онҳо гиря мекардам. Лекин язна гуфт, созанд, хурсанд шудам”, - изҳор дошт Улфатов дар ин навор.

Сахт андуҳгин: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фоҷиаи Магнитогорск

Ба иттилои наздикон, ӯ то ҳол намедонад, ки ҳамсару се фарзандашро аз даст дод.

Рӯзи 31-уми декабр дар пайи таркиш дар бинои 9-ошёнае дар Магнитогорски Русия 39 тан ҳалок ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Аз ҷумла  4 шаҳрванди Тоҷикистон - Раҷабмо ва се фарзандаш низ қурбони ҳодисаи рӯзи 31-уми декабр дар Мангнитогорск шуданд. Ин хонаводаи тоҷик дар қабати шашуми бино, манзили 365-ум истиқомат мекарданд.  Падари хонавода, Шуҳрат Улфатов дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуд.