Дар Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борону барф меборад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: ҳаво шабона дар шарқи ВМКБ 25 дараҷа сард мешавад

Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва инчунин то 16-17 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -3+2 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14  ва нимаи рӯз аз 0-5 то 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 19-24 то 28-33  дараҷа сард мешавад.   Рӯзона сардии ҳаво аз 7-12 то 12-17 дараҷа мерасад.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва  рӯзона -4+1  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат  шабона  ва рӯзона ба  -2+3 дараҷа мерасад.