ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Олимов зимни ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, гуфт мунтахаби куштигирони озоди кишвар бо сабаби набудани маблағ натавонистанд ба шаҳри Красноярск сафар намоянд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ дар асоси нақша 8-27 январ дастаи мунтахаб бояд дар шаҳри Красноярск дар ҷамъомади байналмилалии машқӣ-омӯзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекард.
“Мо тамоми саъю кӯшишамонро барои ҳимояи шарафи варзиши кишвар ва ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 сафарбар менамоем. Дар он сурат муваффақ мешавем, ки нақшаи тақвимии солона пурра иҷро гардад. Аввалин мусобиқаи литсензионӣ – чемпионати ҷаҳон мебошад, ки моҳи сентябр дар Остона доир мегардад ва дар ҳар вазн 6 нафари аввал соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Мо тамоми кӯшишамонро мекунем, ки дар аввалин мусобиқа соҳиби роҳхат шавем”, - изҳор доштааст Олимов.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар намуди куштии озод варзишгарон Муҳаммад Икромов, Саидҷон Гулов, Ҷамшед Шарифов, Абулқосим Файзиев, Сорбон Абдулҳаев, Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам ва Фарҳод Анақулов имкони гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020-ро доранд.
“Фақат онҳо бояд тибқи нақша ба тамрин фаро гирифта шаванд. Дар ҷамъомадҳои машқию омӯзишии дохил ва хориҷ аз кишвар ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намоянд, ҳамчунин бо фармакология ва хизмати тиббӣ таъмин гарданд.”, - таъкид кард Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.