Бозии гарму ҷӯшон: пирӯзии футболбозони тоҷик ва баҳси Эҳсони Панҷшанбе бо ҳарифон

"Мутаассифона, дар аввали нимаи дуюм ба Эҳсони Панҷшанбе корти нодаркори сурх нишон дода шуд. Ҳариф бо даст бозӣ кард ва Эҳсон бо довар баҳс намуд, бояд худро идора мекард. Ба бачаҳо офарин, 10 нафар бозӣ карданд ва дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ лаҳзаҳои хубро ба миён оварданд"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро низ дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бо ғалаба анҷом дод, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Шогирдони Усмон Тошев ин бор бар дастаи мизбон – Қатар пирӯз гардиданд – 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 37-ум Шарафҷон Солеҳов зад, менависад манбаъ.

"Ҳар ду даста бо ҳайати кам бозӣ карданд. Дар дақиқаи 61-уми дидор барои рафтори ғайриварзишӣ капитани дастаи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари дастаи Қатар Илёс Аҳмад Алӣ барои зарба ба ҳариф аз майдон ронда шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар бозии дигари мусобиқаи “Чор миллат” мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Кувайт 5 голи беҷавоб задааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев гуфтааст, ки бозӣ аз ҷиҳати интизом хуб буд, танҳо Эҳсони Панҷшанбе корти сурх гирифт.

 “Бозӣ аз ҷиҳати интизом бисёр хуб гузашт. Дар хати дифоъ даста баробар бозӣ кард. Он чи ки ман аз бачаҳо хостам, онҳо иҷро карданд. Монда шуданд, аммо то охир талош намуданд. Фикр мекунам, мо роҳи дурустро рафта истодаем. Мутаассифона, дар аввали нимаи дуюм ба Эҳсони Панҷшанбе корти нодаркори сурх нишон дода шуд. Ҳариф бо даст бозӣ кард ва Эҳсон бо довар баҳс намуд, бояд худро идора мекард. Ба бачаҳо офарин, 10 нафар бозӣ карданд ва дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ лаҳзаҳои хубро ба миён оварданд. Ба фикрам бозингарон капитанашонро дастгирӣ карданд ва хатои ӯро ҷуброн намуданд”, - гуфтааст сармураббии дастаи мунтахаби олимпӣ. 
Дар даври аввал 15 январ мунтахаби олимпии Тоҷикистон тими олимпии Эронро бо ҳисоби 2:1, Қатар дастаи Кувайтро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буданд.
Акнун дар даври ҷамъбастӣ мунтахаби олимпии мо бо дастаи олимпии Кувайт вориди майдон мешавад. Ин вохурӣ 21 январ, соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Ҳамон рӯз дастаҳои олимпии Қатар ва Эрон бо ҳам бозӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.