ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, муноқиша миёни ду бародар дар ҳолати мастӣ барои музди меҳнат сар задааст.
“Хешовандон дар як кулба, дар ҳудуди майдоне, ки он ҷо хона бунёд мекардаанд, машғули нӯшидани май будаанд. Зимни ин нишаст бародари хурдӣ аз бародарбузургаш эрод гирифтааст, ки ба ҳайси роҳбар, ё худ прораб ба дигарон музди кам додааст. Дар пайи муноқишаи лафзӣ марди 37-сола бародарбузургашро бо якчанд зарби корд маҷруҳ кардааст”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишот.
Манбаъ афзуд, ки шоҳидони ҳодиса ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд ва табибон ҷабрдидаро наҷот додаанд.
Кумитаи тафтишотӣ таъкид кардааст, ки муттаҳам ва хешовандонаш дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанд.
Феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба додгоҳ ирсол шудааст.