Барои алоқаи ҷинсии мардону занони бегона шароит муҳайё мекарданд: боздошти ду мард

Ду сокини Хатлон ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуданд. Онҳо манзили худро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсии мардону занони бегона шароит фароҳам меоварданд ва аз онҳо пул мегирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду мард, сокинони вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар додааст, ки ба ташкили фоҳишахона муттаҳам мешаванд.

Бино бар иттилои манбаъ, яке сокини шаҳри Бохтар, марди 56-сола "рӯзи 15-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдатро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 23-солаи сокини шаҳри Бохтар шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст".

Гумонбари дувум, марди 25-солаи сокини ноҳияи Лахш будааст, ки манзили дар пойтахт ба иҷора гирифтаашро  ба фоҳишахона табдил додааст.

"Номбурда, рӯзи 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 25-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва зани 42-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.