"Одамгари"-и ҳайвонот: гурба сагро наҷот дод - навори таъсирбахш

Наворе, ки дар он дида гурба сагбачаеро наҷот медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубият пайдо мекунад. Корбарон ин наворро "одамгари"-и ҳайвонот ва ё гурбаи "мард" номидаанд
Sputnik

Дар навор дида мешавад, ки сагчаи хурдакаке кӯшиши аз чуқурӣ берун омаданро мекунад. Вай меҷаҳад ва дастонашро боло мекунад, аммо аз чуҷурӣ берун шуда наметавонад.

Гурбае пайдо мешаваду ба сагча даст медиҳад. Сагча бори дигар ба боло меҷаҳад ва дубора ба чуқурӣ меафтад.

Ҳамин вақт, гурба низ худро ба чуқурӣ меандозад. Вай аз ҷилавгоҳи саг гирифта, ӯро берун меорад.

Наворро дар Фейсбук 37 миллион нафар тамошо кардаанд. Корбарон онро "одамгари"-и ҳайвонот ва ё гурбаи "мард" номидаанд.