Тими олимпии Тоҷикистон дастаи Эронро шикаст дод

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон – “U-23” дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бар тими Эрон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни қувваозмоӣ дар майдони футболи Академияи “Aspire” дар Доҳа, ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари тими Эрон Воҳид Номдорӣ кушод.

ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

“Дар охири нимаи аввали бозӣ капитани тими Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки беҳтарин бозингари соли 2018 дониста шуда буд, хатои ҳимоятгари дастаи Эронро пай бурд ва ҳисобро баробар кард”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар оғози нимаи дуюм, дақиқаи 50-ум, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев бо дарвозабони тими ҳариф як ба як баромада, тӯбро тавассути кунҷи дарвоза вориди дарвоза намуд.

“Дар дақиқаҳои боқимонда бозингарони эронӣ барои наҷот додани дастаашон кӯшиш намуданд, вале футболбозони мо хати ҳимояро пурзӯр карда, ғалабаи Тоҷикистонро таъмин карданд – 2:1”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Кумитаи олимпӣ.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи олимпии Қатар бар тими Кувайт бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи “Чор миллат” дар Доҳа 18 январ доир мегарданд. Ин бор тими олимпии Тоҷикистон муқобили дастаи мизбон – Қатар вориди майдон мешавад. Оғози бозӣ – соати 21:30 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Усмон Тошев, сармураббии тими олимпии Тоҷикистон (U-23) оғози мусобиқаро бо ғалаба аз нигоҳи психологӣ хуб унвон кард, аммо изҳор дошт, ки хатоҳо ҳам зиёд буданд.

“Бачаҳо кӯшиш карданд, ман аз бозиашон дар майдон ва худфидоияшон розиам. Бозӣ бисёр ҷолиб буд. Бачаҳо тавонистанд худро нишон диҳанд ва ду гол заданд”, - изҳор доштааст Тошев.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон, Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев шомил мебошанд.