Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба 42 варзишгаре, ки меъёрҳои «номзад ба устоди варзиш», «устоди варзиш» ва «устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ»-ро иҷро намудаанд, унвонҳои варзишӣ тацдим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон 42 варзишгар бо унвонҳои "номзад ба устоди варзиш" ва "устоди варзиш" мушараф гаштантанд, иттилоъ додааст хабаргузориии ТоҷикТА.

“Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 42 варзишгаре, ки меъёрҳои «номзад ба устоди варзиш», «устоди варзиш» ва «устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ»-ро иҷро намудаанд, унвонҳои варзиши супурида, устодони онҳоро бо шаҳодатномаи “Устоди хизматнишондодаи Тоҷикистон” қадрдонӣ кард”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии кумитаи миллӣ-олимпии кишвар.

 Унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ба варззишгар оид ба “тэквандо” ITF Сафия Исмоилова, ки дар мусобиқаи соли 2018 меъёрҳои лозимаро иҷро карда буд, супорида шудааст.

Баҳодур Каримов (шашки) ва Абдулло Наботов (дзюдо) устодони хизматнишондода ҳисобида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол шумораи устодони варзиш ва номзадон ба устоди варзиш нисбати соли гузашта 4 маротиба кам будааст. Соли гузашта шумораи онҳо 175 нафарро ташкил дода буд.