Сатҳи камбизоатӣ дар Афғонистон ба 24 дар сад расидааст.
Бархе аз сокинони кишвар бар онанд, ки сатҳи баланди камбизоатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ имкон медиҳад, ки ҷавононро ба сафи худ ҷалб кунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, маҳз бекорӣ омили нашъамандии ҷавонон дар кишвар аст.
"Бекорӣ мушкилии ҷиддӣ дар Афғонистон аст. Ҷавонон ба сафи мухолифини мусаллаҳ пайваст мешаванд", - мегӯянд сокинони маҳаллӣ.
Бекорӣ афғонҳоро маҷбур кардааст, ки ба кишварҳои ҳамсоя фирор кунанд.
Бисёриҳо барои гурез аз мушкилот маводи мухаддир истифода мекунанд.
Бекорӣ ва камбизоатӣ одамро маҷбур мекунад, ки ба ҳама кор даст занад. Ҷавони бепул барои каме пул кор кардан, омода аст, ба ҳама кор даст занад - ҳатто агар қонуншиканӣ кунад ва ба сафи террористон ворид шавад.
"Ӯ фикр намекунад, ки кадом кор хуб асту кадоме бад. Ягона масъалае, ки дар сари он андеша мекунад, роҳи пайдо кардани луқмаи нон аст. Гурӯҳҳои мухолифин аз ин истифода мебаранд ва онҳоро бо сарфи маблағи ночизе ба сафи худашон ҷалб мекунанд", -мегӯянд сокинон.