ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18-23 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 12-17 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.