ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаҳо - мардони 58 ва 47-сола дар дуздии 54 кило мағзи писта муттаҳам мешаванд.
“Номбурдагон, рӯзҳои 10 то 16-уми декабри соли 2018 аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи девор ба хонаи истиқоматии марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 54 килограмм мағзи пистаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ зарари расонидашударо 7 ҳазору 20 сомонӣ гуфта, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.