ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бо ҷалби беш аз 30 миллион доллар сармояи хориҷӣ, низоми хадамоти биллингӣ фаъолият дорад.
Дар доираи низом, ки интиқоли барқ тариқи пешпардохт сурат мегирад, талафоти барқ кохиш ёфта, ҷамъоварии ҳаққи он афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, талафоти неруи барқ дар шабакаҳои Хуҷанд аз 18,4 фоизи соли 2015 то ба 9,6 фоиз дар соли 2018 расонда шудааст.
“Ҷамъоварии маблағ зиёда аз 100 фоиз таъмин шуда истодааст. Инчунин шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 8 нафар коҳиш дода шуд, ки ин омили дахолати инсонӣ ба низоми ҳисоби неруи барқро қариб ки пурра аз байн бурдааст”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли масъулини барқ.
Азим Иброҳим барои аз чанги қарз халос шудани “Барқи Тоҷик” беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ, ҳисоби дурусти тавозуни неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа, коҳиш додани дахолати инсонӣ дар таҷҳизоти баҳисобгирии барқро зарур хондааст.