Соқӣ пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад: дуздони машрубот дастгир шуданд

Кормандони милитсияи Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро дастгир намуданд, ки дар дуздидани машрубот аз хонаи марди 68-сола айбдор мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.  Кормандони милитсия ду марди 22 ва 27-солаи сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо гумони дуздӣ дастгир карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Мастӣ ба пастӣ: ошкор шудани чанд табаҳкорӣ дар Хоруғ

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии хусураш, марди 68-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз он ҷо намудҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртӣ, ки арзиши умумиашон 7657-сомониро ташкил медодааст, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.  

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду марди 22 ва 27-солаи сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. 

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.