ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи эълони шаҳрдорӣ, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст, аз 16 январи соли равон ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мегардад. Мусофирбарҳои рақами 33 дар хатсайри маҳаллаи Фучик -Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ ҳаракат мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки барои беҳтар кардани мусофирбарӣ шумораи автобусҳои рақамҳои 2, 18 ва троллейбусҳои 4, 12-ро зиёд мекунанд. Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки фосилаи ҳаракати нақлиёт дар ин хатсайрҳо кам мешавад.
Автобусҳои №2 дар масири терминали мусофирбарии Шарқ-транс - терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, автобусҳои №18 дар хатсайри кӯчаи Гагарин - маҳаллаи Пахтакор, троллейбусҳои №4 дар маҳаллаи Гулбутта – Фурудгоҳ ва №12 дар хатсайри Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта ҳаракат мекунанд.