Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Чин бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ

Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ Владимир Норов баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ Владимир Норов ҷанбаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои мубрами байналмилалиро баррасӣ намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати колрҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Рашид Олимов аз вазифаи дабири кулли СҲШ озод шуд

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо аз ҷумла дар бораи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои асосии Созмон дар соли 2019 – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Бишкек ва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд табодули назар намуданд.

“Батадриҷ боло рафтани эътибори СҲШ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назди Котиботи СҲШ вазифаҳои фаромиқёс доир ба нигаҳдории анъанаҳои нек, инчунин вобаста ба такмил додани абзорҳои кори Котибот барои иҷрои бомуваффақонаи ҳамаи вазифаҳои дар назди Созмон буда мегузорад”, - таъкид намудааст Владимир Норов, котиби генералии СҲШ.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода котиби генералии навтаъйини СҲШ Владимир Норовро ба муносибати расман шурӯъ намудан ба иҷрои вазифа табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳо дар ин вазифаи пурмасъул ва татбиқи ҳадафҳои гузошташуда таманно намуд ва ҳамчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд низ дастгирӣ намудан аз татбиқи ҳадафҳои банақшагирифташудаи Созмон изҳор намуд.