Сармо муҳоҷирзанро дар кӯчаи Санкт-Петербург кушт

Табибон натавонистанд, муҳоҷирзани сармохӯрда аз Осиёи Марказиро дар Санкт Петербург наҷот диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Муҳоҷирзани 39-сола аз Узбакистон дар хиёбони “Красные командиры”-и Санкт-Петербург сармо хӯрда, ҷон дод.

Оғози соли нав бо силсиладуздиҳо дар Душанбе: гуруҳи “дискотекадӯст”-ҳо боздошт шуд

Тибқи иттилои  расонаи “Невские новости”, ҳодиса шоми 8 январ дар ноҳияи Курортнийи Санкт-Петербург рух додааст.

Пулис гуфтааст, муҳоҷирзани сармохӯрдаро роҳгузарон дар назди хонаи рақами 45 дар хиёбони “Красные командиры” пайдо карда, ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд.

“То омадани ёрии таъҷилӣ муҳоҷирзан ҳанӯз зинда будааст, аммо зимни амалиёти эҳёгарӣ ҷон додааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Табибон бо такя ба ташхиси аввалия сабаби маргро сармозадагӣ гуфтаанд. Муҳоҷирзани марҳум аз Узбакистон дар Санкт Петербург қайди иқомат ва патент доштааст. Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.