ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 25-30 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳарорат шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.