"Ба хулоса омадам, ки говамро мефурӯшам - танҳо бо ҳамин роҳ метавонистам барои ба анҷом расонидани таъмири мактаб кӯмак расонам", - мегӯяд бобо.
Бобои Ҳоҷӣ аввал барзговашро фурӯхтааст, аммо маблағ нарасидааст, сипас ӯ говашро ҳам мефурӯшад.
Мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошт: дар синфхонаҳо ҳатто дару тиреза набуд. Ба ин маблағ Ҳоҷидодарбек дару тиреза мехарад. Ӯ шахсан ба устохонаҳо рафта, фармоиш медиҳад.
"Ду сол буд, ки таъмири мактабро ба анҷом расонида наметавонистанд, барои ҳамин хостам кӯмаки ман ҳам расад", - меафзояд вай.
Ҳоҷидодарбек Халилов барои ин кори хайраш 10 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
"Кӯшиш кардам, ки кӯдакон ҳарчӣ зудтар ба таҳсил шурӯъ кунанд", - мегӯяд бобо.