Оғози фаъолияти Ҷумъахон Ғиёсов ҳамчун раҳбари сохтори зиддитеррористии СҲШ

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда гирифт, иттилоъ додааст саҳифаи расмии Вазорати  корҳои хориҷаи Узбакистон

Рашид Олимов аз вазифаи дабири кулли СҲШ озод шуд

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов таъйин гардидааст.

Ғиёсов   солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев буд.

Гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону кишварҳои узви СҲШ беш аз $2,6 млрд ташкил медиҳад

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ  ба вазифаи Дабири кулли ин созмон намояндаи Узбакистон Владимир Норов таъин шуд.

Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди Президенти Узбакистон ва Вазири корҳои  хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом  намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон,  Ҳиндустон ва  Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.