Дар пойтахт зане дастгир шуд, ки фоҳишахона ташкил кардааст

Кормандони милитсия ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зани 43-солаи сокини кӯчаи Ҳусейнзодаро дастгир намуданд, ки дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт зани 43-солаи сокини кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Зане дидаву дониста мардро гирифтори бемории “ВНМО” кард

Манбаъ иттилоъ додааст, ки номбурда, рӯзи 3-юми январи соли равон, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсии марди 33-сола ва зани 43-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 4-уми январи соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ.