Ёрдамчии Президент Ашӯрбой Солеҳзода ба Ашт рафту бо мардум сӯҳбат кард

Ашӯрбой Солеҳзода зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ашт нуктаҳои муҳимтарини Паёми раисҷумҳури кишварро тавзеҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд 3 январи соли равон Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот кард.

Вакилони парлумон барои шарҳи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба назди мардум мераванд

Ашӯрбой Солеҳзода зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини паёми раисҷумҳури Тоҷикистонро ба сокинон тавзеҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуд.

Ашӯрбой Солеҳзода ҳамчунин зимни мулоқот дар бораи амалӣ шудани як қатор лойиҳаҳои сармоягузорӣ, зиёд гардидани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ андешаҳои худро баён кард.