Афзоиши сайёҳон ба шаҳри Хуҷанд

Ҳамасола бинобар фароҳам гаштани шароити мусоид барои истироҳату саёҳат шумораи сайёҳоне, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд, афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik.  Аз шаҳри Хуҷанд танҳо дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 57 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ва беш аз 55 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ боздид намудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти  шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳаҷми хизматрасониҳо ба сайёҳон дар ин давра ба 1,8 миллион сомонӣ расидааст.

Дар нӯҳ моҳ ба Исфара беш аз 25 ҳазор ҷаҳонгард рафтааст

Аз ҷумла ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон, ташкили сайру саёҳат ва шиносоӣ бо ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳр ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ 5 ширкати сайёҳӣ хизмат расониданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд барои  қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол афзоиш меёбад.

Давоми соли гузашта танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид шудаанд, ки шумораи бештари онҳоро шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Укроин, Молдова ва Гурҷистон ташкил медиҳанд.