ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, Халилов шунавандаи ординатураи клиникӣ аз рӯи тахассуси тибби оилавии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва Хуршед Қурбонов, дарбони бинои таълимии маъруф ба номи “Қарияи Боло” – и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон будаанд.
Манбаъ афзуд, ки шаҳрвандони зикршуда ба ивази 9 ҳазор доллар ваъда додаанд, ки довталаб Зокирҷон Нуровро ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мекунанд.
“Бо ин роҳ Халилов ва Қурбонов 22 июни соли 2018 дар назди беморхонаи маъруф ба номи “Қарияи Боло” бо Нуров вохӯрда, аз ӯ 9000 сомонӣ, баробар ба 1000 доллари амрикоиро гирифта, ҳар чи зудтар овардани боқимонда 73000 сомонӣ баробар ба 8000 долларро талаб намуданд”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Манбаъ афзуд, ки номбурдаҳо 25 июн ҳангоми гирифтани 73 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд Нуров боздошт гардидаанд. Боздошти онҳо дар пайи муроҷиати Нуров аз сӯи маъмурини Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Додгоҳ Муҳаммад Халиловро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, барои се сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ҷавобгарии моддидошта маҳрум кардааст.
Дарбон Хуршед Қурбонов низ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.