ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0,1355 то 0,1375 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9,4300 то 9,4318 сомонӣ сомонӣ ва 1 евро аз 10,7500 то 10,8200 сомонӣ арзиш дорад.
Ба иттилои манбаъ имрӯз қурби миёнаи расмии 1 доллари ИМА — 9,4318 сомонӣ, 1 евро – 10,7541 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1355 сомонӣ мебошад.
Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.