Мусофирони хориҷӣ ва пиёдагард - қурбониёни садамаҳо дар охирин рӯзи 2018

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки дар охирин рӯзи соли 2018-ум рух додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 31 декабр, Ғайрат Сангинов, ронандаи 32-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, пиёдагард, Ҳакимов Амриддини 62-соларо, ки аз роҳ мегузаштааст, зер кардааст.

Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

Дар натиҷа Ҳакимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки инчунин 31 декабр, Хуршед Қобилов, ронандаи 33-солаи  “Мерседес-Бенс”,  сокини шаҳри Конибодом, дар километри 38-уми роҳи Конибодом-Хуҷанд, ҳангоми гаштан ба тарафи чапи роҳ, ба автомашинаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи ронанда Тошхӯҷаев Акбархӯҷа, сокини  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Утбасаров Турдибой, соли таваллудаш 1950 истиқоматкунандаи ноҳияи Исфонаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон - Утбасаров Фарҳод ва Утбасарова Муяссар истиқоматкунандагони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бистарӣ гардидаанд.