Супориши Раҳимзода: генерал Аламшозода ба интернат дар Рӯшон ғизо расонд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ маҳсулоти хурокворӣ дастрас гарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маҳсулоти мазкурро дар арафаи Соли нав Абудраҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ ва  Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ ба мактаб – интернат расонданд.

“Маҳсулот аз қабили як тонна орд, 400кг шакар, 275кг макарон, 150 литр равган, як тонна карам, 100кг гӯшт, моҳӣ, тухм, сабзи, сирпиёз дар маҷмӯъ 6,5 тонна дастрас гардид”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ба тарбиятгирандагони ин муассиса инчунин 300 адад тӯҳфаи солинавӣ тақдим карда шуда, Аламшозода аз онҳо даъват намуд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд.