ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Шаби гузашта 28 декабри соли равон марҳилаи навбатии озмуни “Голос” баргузор шуд, ки дар он Даниэл Рустамов, овозхони зодаи Тоҷикистон пирӯз нашуд ва ба даври финали ин озмун роҳ наёфт.
Рустамов ҳамроҳи Рушана Валиева, ба ҳайси намояндагони тими овозхон Сергей Шнуров ҳунарнамоӣ кардаанд.
Даниел Рустамов суруди “Treasure”-и овозхони амрикоӣ Бруно Марсро иҷро кард.
Худи Шнуров ба ҳайси мураббӣ ҳунарнамоии шогирдонашро баҳогузорӣ карда, ба Рустамов 40% ва ба Валиева 60% дарсади холҳоро сазовор донист. Овоздиҳии тамошобинон низ ба ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Ҳамин тавр Даниэл Рустамов озмуни “Голос”-ро тарк кард.
Новобаста аз он ки Даниэл Рустамов пирӯз нашуд ва ба финал набаромад дастовардҳои вай боиси ифтихор мебошад. Бештари сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ҳунарнамоии ӯро бознашр карда, навиштаанд, ки аз ҳамватани худ ифтихор мекунанд.
"Ман, ростӣ боварӣ надоштам, ки то ин давра мерасам. Ин як мӯъҷизаест. Ман ҳеҷ вақт боварӣ надоштам, ки дар "Голос" то давраи нимниҳоӣ мерасам. Пеш аз ҳама ман аз Худо ва нафароне, ки ба ман овоз додаанд, миннатдорам", - таъкид карда буд вай.
Вай аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки дар марҳилаи оянда аз ӯ дастгирӣ намоянд
"Ҳамватанони азизам, дар давраи нимниҳоӣ ба ҷонибдории ман овоз дода, маро дастгирӣ кунед. Якҷо мо қувваи бузургем. Тоҷикистон, ба пеш!", - гуфт вай дар наворе, ки дар саҳифаи фейсбукиаш мунташир шуда буд.