Асари охирини Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии охирин китоби Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Ахиран дар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ)  баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти китобхаи миллӣ.

Фотосессияи охирони Чингиз Айтматов

Бино бар иттилои манбаъ, китобро нашриёти “Адиб” дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Абдусалом Мирализода зимни суханронии худ таъкид намудааст, ки Чингиз Айтматов, мутафаккир ва инсонпарвари бузургу тавоно ифтихори халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, равшанфикрони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

“Қариб кулли асарҳои ин адиби барҷаста бо забони тоҷикӣ баргардон шудаанд ва романи “Вақте кӯҳҳо суқут мекунанд” аз ҳамин ҷумла аст. Зимнан ёдовар шавам, ки асарҳои Чингиз Айтматов бо бештар аз 150 забони олам тарҷумаву нашр шудаанд”, - гуфт Мирализода.

Инчунин дар  рӯнамоии китоб сафири тозатаъйини Қирғизистон дар Тоҷикикистон Джаниш Рустенбеков, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, намояндаи сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон Перман Бердиев, намояндаи сафорати  Узбакистон дар Тоҷикистон Атобек Турсинбеков ширкат ва суханронӣ карданд.

Асари чопнашудаи Чингиз Айтматов бо забони қирғизӣ ёфт шуд

Ба гуфтаи ҳозирин асар аз ҳар ҷиҳат хонданист, бахусус ҷиҳати тарбиявии он дар ҳоли имрӯз аҳамияти бузургеро дорост.

Дар охири ин рӯнамо аз ҷониби сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон наздик ба 400 нусха китоби тарҷумашудаи тозанашри Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.