Тағйироти кадрӣ: Убайдуллоев аз Додихудозода хост, адолатро таҳким бахшад

Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадриро дар мақомоти Додгоҳи олии кишвар тасдиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи пешниҳоди раисиҷумҳур ва тасдиқи палатаи болоии парлумон, Давлатмоҳ Додихудозода, ки ахиран аз мақоми раиси суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барканор шуд, додраси нави Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин гардид.  

"Худиқрорӣ"-и дурӯғ: “гунаҳкор”-и бегуноҳ озоду қотил ба 21 соли зиндон маҳкум шуд (ВИДЕО)

Додихудозода ахиран дар пайи як тағйироти кадрии густурда дар ВМКБ, ки баъди интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи қонунияту тартибот дар вилоят сурат гирифт, аз мақоми раиси додгоҳи ВМКБ барканор шуда буд.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъини Додихудозода аз ӯ даъват намуд, ки ба ҳайси додраси нави Додгоҳи Олӣ пайвастаю пайгирона таъмини адолати судӣ ва волоияти қонунро дар фаъолияти рӯзмарааш тавсеаю тақвият бахшад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ мегӯяд, зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон инчунин бо пешниҳоди раисиҷумҳур Собирзода Савридин Собир ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ аз мақоми додраси Додгоҳи олӣ барканор шуданд.

Манбаъ сабаби барканории ду додраси мазкури Додгоҳи олиро расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя арзёбӣ кард.