Суғд дар соли 2019 чӣ қадар даромаду хароҷот дорад?

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода буҷаи вилоят барои соли 2019-ро қабул кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳисоботаш ба вакилон аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат зикр карда, татбиқи онро таъкид кардааст.

Ҷоиза ба беҳтаринҳо: Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравӣ қариб 1 миллион ҷудо кард

“Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 12 миллиарду 766,2 миллион сомонӣ расида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ 32,1 фоизро ташкил дод”, - изҳор дошт Аҳмадзода.

Дар идомаи ҷаласа Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи вилоят қисми даромад ва хароҷоти буҷаи Суғд барои соли 2019-ро муаррифӣ кардааст.

“Буҷети вилоят дар соли оянда 2 миллиарду 404 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, хароҷот дар ин давра беш аз 1,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад”, - изҳор доштааст Мирзозода.

Вакилон дар пайи қабули буҷаи Суғд барои 2019 бо дархости сокинони деҳаи Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи деҳаро  ба Зарбоғ иваз карданд.