Доктор Сулаймонӣ: миллате нест, ки мисли тоҷик асарҳои бузургро ба арабӣ навишта бошад

Арабшиноси номии тоҷик, муаллифи фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ Сайидраҳмон Сулаймонӣ, бар он аст, ки арабшиносии илмии тоҷик яке аз соҳаҳои ояндадори илм ва фарҳанг дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, миллате нест, ки мисли тоҷикон шоҳкориҳояшро ба забони арабӣ навишта бошад, ки бояд онро дастраси хонандаи тоҷик кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik, Фарида Ҳакимова. Олими тоҷик, доктори илмҳои филологӣ ва муаллифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" Сайидраҳмон Сулаймонӣ чанде пеш ба ҷоизаи Шайх Ҳамад дар Қатар соҳиб шуд.

Бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ китоби "Фарҳанги арабию тоҷикӣ" -и Сарходими маркази "Синошиносӣ"-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал гардид.

Sputnik Тоҷикистон бо доктор Сулаймонӣ дар бораи заҳматҳояш дар соҳаи арабшиносӣ дар Тоҷикистон, рушди соҳа дар замони муосир ва иртиботи илмиву фарҳангии миллати тоҷик ва араб ва вижагиҳои забонии ин ду миллат сӯҳбат орост.

- Чӣ гуна ҷоизае буд, ки дар Қатар соҳиб шудед?

Олими тоҷик - муаллифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" дар Қатар ҷоиза гирифт

- Номи расмии ҷоиза “Ҷоизаи шайх Ҳамад доир ба тарҷумаҳо ва ҳусни тафоҳуми байналмилалӣ” аст. Соли чорум аст, ки давлати Қатар ин маросимро ташкил мекунад. Имсол барои иштирок ва соҳиб шудан ба ҷоизаи Шайх Ҳамад олимони бештар аз 36 кишвар иштирок доштанд. Фикр мекунам, мақсад аз ташкили он ба хонандаи араб шиносоӣ кардани осори пурғановати бузургони ҷаҳон мебошад. Ман дар ин ҳамоиш барои тартиб додани "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" ҷоиза гирифтам.

- Фарҳанги тартибдодаи шумо аз аввалин ва шомилтарин фарҳангҳои арабӣ-тоҷикӣ аст. Чигуна ба шумо ин кор даст дод?

- Дар замони Шӯравӣ фарҳанги ягонаи шомилу комиле, ки мо истифода мебурдем, ин фарҳанги арабӣ-русии олими рус Харлампий Карпович Баранов буд. Фарҳанги арабӣ ва тоҷикӣ пайванди ногусастанӣ дорад, аммо дастуре набуд, ки ин осорро ба тоҷикӣ тарҷума кунад.

Бо назардошти ҳамин, тахминан 25 сол пеш, аввалҳои соли 90-ум ман иқдом гузоштам, ки фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ тартиб медиҳам. Дар 18 сол онро тартиб дода, бори аввал соли 2005 дар ду ҷилд ба миқдори 70 ҳазор калима  бо дастгирии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баровардам. 5 соли дигар онро такмил дода, 30 ҳазор калима илова кардам ва соли 2011 бори дуввум фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ аз чоп баромад, ки шомили ҳудуди 100 ҳазор калима буд.

- Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ дар шакли электронӣ дастрас аст?

Суҳбати Давлат Худоназар: талоши Рӯдакӣ зидди арабишавӣ то баҳси тоҷику узбак барои Сино

- Не, ҳарчанд дар нақша дорем. Агар имконият шуд дар шакли электронӣ низ пешниҳод хоҳем кард.

- Дар бораи рушди арабшиносии муосир дар Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?

- Арабшиносӣ дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ рушд кард. Ҳоло ба назари ман соҳа мисли пештар "харидор" надорад. Аммо ҳоло ҳам Тоҷикистон арабшиносони зиёде омода мекунад.

- Ояндаи  рушди илми арабшиносиро дар кишвар чигуна мебинед?

- Тоҷикистон дар байни тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ ягона кишварест, ки имкон дорад дар ин соҳа шоҳкориҳои бузург созад. Феълан дар маркази "Синошиносӣ"-и Академияи улуми Тоҷикистон осори фалсафиву тиббии Ибни Сино дар 15 ҷилд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума шуда истодааст. Ин кори бузургест барои муаррифӣ кардани миллати тоҷик ба ҷоҳон.

Ман боварии комил дорам, ки арабшиносии илмӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои бисёр ҳам ояндадори илм ва фарҳанги миллати тоҷик аст. Бо ду сабаб, аввал ин ки бисёре аз осори мутафаккирони классикии мо ба забони арабӣ навишта шудаанд, ки бояд онро ҳатман тарҷума кунем. Барои ҳамин мутахассисони варзидаи арабӣ барои Тоҷикистон ҳам аз назари фарҳангӣ, ҳам аз назари сиёсиву илмӣ ва иқтисодӣ  зарур аст.

Кам халқеро медонам, ки мисли тоҷикон мероси фарҳангии пурғановат дошта бошад, ки ба забони арабӣ навиша шудаанд. Аз ҷониби дигар Тоҷикистон қариб бо тамоми кишварҳои араб робита дорад, ки барои ин мутахассис лозим аст. Афзун бар ин, 40-45 дар сади калимаҳо ё иқтибосҳои забони тоҷикӣ вожаҳои арабӣ мебошад, ки вазифаи асосии арабшиносӣ ва забоншиносӣ омӯхтани он мебошад.

- Бархе аз коршиносон бар онанд, ки дар забони тоҷикӣ иқтибосҳои арабӣ нодуруст истифода мешаванд. Оё ин гуфтаҳо дурустанд?

Абдулло Давлатов: мо бо ифтихор Синоро тоҷик мегӯем, аммо...

- Илми забоншиносӣ дар ҳамин ақида аст, ки ҳар як миллате, ки калимаҳои бегонаро ба худаш қабул мекунад, пеш аз ҳама он калимаҳоро ба қонун ва қоидаҳои забони худаш мутобиқ мегардонад.  Масъалан дар арабӣ 4 ҳарфи “з”, 2 “т”, 3 “с” мавҷуд аст, лекин мо хамаи онҳоро ба низоми овозии забони тоҷикӣ мувофиқ кунонидаем, ки ин кори табиӣ ва дуруст аст. 

Дуюм он, ки мо калимаҳои арабиро бо ҳамаи маъноҳояш қабул накардаем - як, ду ё се маънои онро қабул кардем. Боз дар забоншиносӣ қонуне аст, ки калимаҳои бегона маънои худро васеъ мекунад, бисёр калимаҳои арабие, ки ҳоло дар забони тоҷикӣ вуҷуд доранд, онҳо дар зери таъсири забони тоҷикӣ маънои нав гирифтаанд, ки дар забони арабӣ вуҷуд надорад. Ин амри дуруст ва табиист.  Масъалан калимаи "мулоим" дар забони арабӣ ба маънои "мувофиқ", "созгор" ва "муносиб" аст, лекин дар забони тоҷикӣ ба маънои нарм меояд. Ин мисолҳо садҳо мебошанд. Дар ин бора корҳои илмӣ ҳам шуда истодаанд.

Афзун бар ин, дар арабӣ низ калимаҳои форсии миёнаро  метавон зиёд во хӯрд. Онҳоро ҳоло низ арабҳо фаъолона истифода мебаранд.

- Чӣ нақшаҳое доред, ки дар пайи амалӣ кардани онҳо мебошед?

- 14 сол мешавад, ки фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русиро омода мекунам, ки дар ҳоли ба итмом расидан аст. Он дар панҷ ҷилд ва ҳар ҷилдаш ҳудуди 1000 саҳифагӣ мунташир хоҳад шуд, ки иқтибосҳои адабиёти классикиву муосири араб, фразеология, иқтибосҳои тиббиву фалсафиро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар он ояҳои Қуръонро тарҷума карда, қариб 30-35 дар сади китоби муқаддасро ҷо додаам. Феълан барои мунташир кардани он сармоягузор меҷӯем.

- Ташаккур барои сӯҳбат! Дар корҳоятон муваффақиятҳо таманно дорем.

- Сипос, саломат бошед!