ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои БМТ, аз ин миқдор ба сармоягузориҳои мустақим 1,7 миллион ва ба қарзҳои ҷалбшуда 70,8 миллион доллар рост меояд.
Манбаъ ҳаҷми умумии қарзҳоеро ки тайи 10 моҳ ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон додаанд, 6 миллиард сомонӣ гуфт.
“Теъдоди қарзҳои додашуда дар ин давра 17,5 фоиз ё 68,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 460,6 ҳазор адад баробар гардид, ки ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна, шаҳодат медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 3,9 миллиард сомониро ташкил намуд”, - иттилоъ додааст шуъбаи матбуоти БМТ.
Инчунин БМТ ба ҳолати 1 ноябри соли 2018 бақияи умумии пасандозҳоро 9,8 миллиард сомонӣ арзёбӣ кардааст.
“Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 20 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 1,3 фоиз афзоиш ёфт, ки аз зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ - сомонӣ ва тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳад”, - таъкид намудааст дафтари матбуот.
Ин ниҳод инчунин аз осону арзон шудани таъсиси бонкҳо дар кишвар хабар дода, таъкид намудааст, ки ҳадафи он таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа мебошад.
БМТ таъкид намудааст, ки соли равон ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 миллион сомонӣ то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд.