Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар фурудгоҳи Маскав бозпурсӣ карданд

Сарҳадбонони рус қаҳрамони муҳорибаҳои UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедовро ба шӯҳратмандиаш нигоҳ накарда, бозпурсӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Сарҳадбонони Маскав қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва дӯсташро ҷангиёни гурӯҳи терористии ДОИШ пиндошта, бозпурсӣ карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Нурмуҳаммедов ва дӯсташро бо тамоми тартиботе, ки дар қонун муайян карда шудааст, бозпурсӣ кардаанд.

Аммо гумонашон хато баромадааст ва ба зудӣ онҳоро озод кардаанд. Нурмуҳаммедов, ки ба Туркия парвоз доштааст, аз ин кори сарҳадбонони рус сахт нигарон шудааст.

Аммо варзишкор новобаста аз озурда шуданаш бо сарҳадбонҳо акс гирифтааст.